Расонаҳо аз занозании гуруҳии тоҷикону қазоқҳо дар Русия иттилоъ доданд (ВИДЕО)

Расонаҳои Русия аз занозании гуруҳии тоҷикону қазоқҳо дар майдони сохтмони корхонаҳои коркарди гази дар ноҳияи Свободненски вилояти Амур хабар доданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik.  Ба иттилои манбаъ ҳодиса тақрибан шаби 22 ноябр рух дода, дар натиҷа ду нафар осеби ҷисмонӣ бардошта, як нафар дар беморхона бистарӣ шудааст.

Алмос Садубаев, сухангӯи Вазорати умури дохилии Қазоқистон ба Sputnik Қазоқистон иттилоъ  додааст, ки сабабҳои рух додани ҳодиса ва гунаҳкорони онро мақомоти дахлдори маҳаллӣ муайян хоҳанд кард.

Дар ҳамин ҳол расонаҳои маҳаллии вилояти Амур навори занозании гуруҳиеро нашр кардаанд, ки гӯиё шаби 22 ноябр ҳангоми муноқишаи шаҳрвандони Қазоқистону Тоҷикистон дар майдони сохтмони корхонаи коркарди газ сабт шудааст.

Мақомоти умури дохилии вилояти Амур иттилоъ додаанд, ки дар пайи муноқиша ҷавони 19-сола маҷруҳ шуда, аз рӯи ин ҳодиса бар асоси расондани зарари вазнини ҷисмонӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Манбаъ мегӯяд, феълан муттаҳам дар расондани осеби вазнини ҷисмонӣ, марди 22-сола боздошт гардидааст.

Мақомот ҷузъиёти бештари ҳодисаро то ҳол ироа накардаанд.