Иттиҳодия Аврупо бо Тоҷикистон барои имзои созишномаи нав ба зудӣ музокирот хоҳад кард

Федерика Могерини, раиси сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо эълон намудааст, ки Иттиҳодия Аврупо дар ояндаи наздик имзои созишномаи нави шарикиро бо Тоҷикистон баррасӣ хоҳад кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Федерика Могерини, раиси сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо рӯзи ҷумъа ба хабарнигорон хабар додааст, ки Иттиҳодияи Аврупо дар ояндаи наздик имзои созишномаи нави шарикиро бо Тоҷикистон баррасӣ хоҳад кард.

Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо масоили сиёсӣ ва ҳуқуқи инсонро баррасӣ намуданд

Рӯзи ҷумъа дар Брюсел машваратҳо дар формати Иттиҳодияи Аврупо – Осиёи марказӣ баргузор шуд.

"Тоҷикистон имрӯз ба мо ишора кард, ки хостори оғози музокирот бар сари имзои созишномаи нави ҳамкорӣ бо Иттиҳодияи Аврупо мебошадва мо ба зудӣ ин музокиротро шурӯъ хоҳем кард"., - гуфт Могерини.

Ёдрас мешавем, ки рӯзи 23 ноябри соли 2018 дар шаҳри Брюссели Шоҳигарии Белгия Вохӯрии навбатии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид.

Бино бар иттилои вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар кори он вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Намояндаи Олии Иттиҳоди Аврупо доир ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ Федерика Могерини ширкат варзиданд.

Мулоқоти вазири хориҷа бо роҳбари нави намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон

“Дар рафти нишаст иштирокдорон як зумра масъалаҳоро, аз ҷумла омодасозии Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ, ҳамкории минтақавӣ ва рафъи чолишҳои амниятӣ, ҳамгироӣ, ҷалби сармоягузориҳо ва рушди устувори минтақаи Осиёи Марказӣ, ҳамдастӣ дар сабуксозии пайомадҳои тағйирёбии иқлим, ҳифзи муҳити зист ва идоракунии захираҳои обӣ, инчунин дигар мавзӯъҳои минтақавӣ ва байналмилалиро матраҳ намуданд”, - таъкид манбаъ.

Инчунин зимни мулоқот вазирон роҷеъ ба зарурати идомаи ҳамкории мутақобилан судманди кишварҳои минтақа бо Иттиҳоди Аврупо барои таҳкими зарфиятҳои иқтисодӣ, транзитӣ, нақлиётӣ, кишоварзӣ ва энергетикии кишварҳои Осиёи Марказӣ, беҳтарсозии фазои сармоягузорӣ, таъмини рушди устувори минтақа, мудирияти самараноки сарҳадот, инкишофи захираҳои инсонӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна таъкид намуданд.