ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Ахиран бо ташабусси Сафорати Тоҷикистон дар Озарбойҷон дар ҳамкори бо Фонди Пешбурди содиротӣ ва сармоягузории Озарбойҷон (AZPROMO) мизи мудаввар дар мавзӯи “Фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон” баргузор шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорти корҳои хориҷаи Тоҷикистон.
Ба иттилоъ манбаъ мизи мудаввар роҳбарони зиёда аз 20 ширкати бонуфузи давлатӣ ва хусусии Озарбойҷон ширкат намуданд.
Президенти “АЗПРОМО” Ю.Абдуллоев зимни суханрониаш таъкид намудааст, ки миёни Тоҷикистону Озарбойҷон тамоюли мусбат ва рушди равобит дар соҳаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ба назар мерасад.
Вай аз роҳбарони ширкатҳо дархост намудааст, ки ҷиҳати бештар ривоҷ ёфтани робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо Тоҷикистон фаъолона саҳм гузошта, ба иқтисодиёти кишвари дӯст сармоягузорӣ намоянд.
Дар ҳамин ҳол, сафири Тоҷикистон Рустам Солӣ қайд намудааст, ки Ҳукумати Тоҷикистон барои беҳтар намудани фазои кории соҳибкорон ва фароҳам сохтани шароити мусоид барои сармоягузорони хориҷӣ тадбирҳои ҳадафмандона андешида, рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармояро самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар эълон намудааст.
“Тайи солҳои охир Тоҷикистон се маротиба ба рӯйхати "Даҳ кишвари пешсафи ислоҳотгар” шомил гашта, мавқеи худро дар рейтинги “Пешбурди тиҷорат” аз рӯи нишондиҳандаҳои бақайдгирии бизнес, андозбандӣ, гирифтани қарз ва тиҷорати байналмилалӣ беҳтар кардааст ва намояндагони доираи соҳибкорӣ ва ширкатҳои Озарбойҷон низ имкон доранд, аз сабукиҳои андозбандӣ ва навъҳои ҳавасмандгардониҳои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон самаранок истифода намоянд”, - таъкид намудааст сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон.
Сафир дар мизи мудаввари мазкур аз имкониятҳо сармоягузорӣ дар бахшҳои гидроэнергетика ва нафту газ, саноат, истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, истеҳсол ва коркарду содироти маҳсулоти кишоварзӣ, алюминий, бонкдорӣ ва системаи бонкӣ,ва сайёҳӣро муаррифи кард.
Инчунин вай барои роҳандозии ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисод, энергетика, инфрасохторӣ ва нақлиётию иртиботӣ, саноати металлгудозӣ, мошинсозӣ, истихроҷу коркарди канданиҳои фоиданок, аз ҷумла маъданҳои кӯҳӣ, саноати кимиёвӣ, сабук ва хурокворӣ, истеҳсоли маводи сохтмон, комплекси агросаноатӣ ва туризм таклифу пешниҳодҳои судманд кардааст.