Дар Суғд шаҳрванди Русияро бо eвроҳои қалбакӣ дастгир намуданд

Шаҳрванди Русия баъди иваз намудани пули 5 ҳазор евро дар яке аз бонкҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дастгир карда шуда, баъди кофтукови шахсӣ аз вай 36 адад асъори қалбакии 500 еврои дарёфт карда шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik.  Кормандони Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар вилояти Суғд шаҳрванди Русияро бо пулҳои қалбакии евро дастгир намуданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ВУД Ҷумҳурӣ.

“Воридоти асъори қалбакии евро пули бонки марказии Аврупо ба қаламрави Тоҷикистон аз ҷониби шаҳрванди Русия  Виданов Роман Владимирович, соли таваллудаш 1979, сокини шаҳри Новосибирск анҷом дода шудааст. 18 ҳазор евро купюраҳои 500 евроӣ буда, тибқи хулосаи ташхис бе риояи талаботи технологӣ сохтакорӣ карда шудаанд”, - хабар додааст манбаъ.

БМТ: пулҳои худро танҳо дар "нуқтаҳои расмӣ" иваз кунед

Бино бар иттилои манбаъ, гумонбаршуда баъди иваз намудани 5 ҳазор евро дар яке аз бонкҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дастгир карда шуда, баъди кофтукови шахсӣ аз шаҳрванд Виданов Р.В. дар маҷмӯъ 36 адад купюраи 500 еврои бонки марказии Аврупо дарёфт шудааст.

Асъори қалбакӣ аз рӯи шакл, ҳаҷм ва дигар сифатҳо ба еврои аслӣ монандӣ дошта, қалбакӣ будани онро муайян кардан душвор будааст.

Инчунин ВУД таъкид намудааст, ки мутобиқи маълумотҳои оперативӣ Роман Виданов ду маротиба бо моддаи 158 КҶ Русия барои дуздӣ маҳкум шуда буд ва аъзои шабакаи трансмилии ҷиноятиест, ки ба сохтакории асъори қалбакӣ сару кор доранд.

“Тавре аз нишондоди ӯ бармеояд асъори қалбакиро дар Ҷумхурии Қирғизистон дастрас намудааст ва аз рӯи дастури гирифта ба муомилот баровардани он бояд дар Тоҷикистон сурат мегирифт, ки бо ҳамин мақсад тавассути гузаргоҳи расмии минтақаи Исфара вориди Тоҷикистон шудааст”, - афзуд манбаъ.

БМТ: вазъи пули миллӣ дар Тоҷикистон муътадил аст

Айни ҳол барои ба муомилот баровардани пули қалбакӣ нисбати гумонбаршуда бо моддаи 281 КҶ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, Роман Виданов дар ҳабси пешакӣ қарор дорад. 

Инчунин манбаъ таъкид намудааст, ки ин дуюмин ҳолатест, ки дар вилояти Суғд мақомоти милитсия муомилоти еврои қалбакиро ошкор менамояд.

Моҳи январи соли 2017 ҳамин гуна ҷиноят дар шаҳри Исфара ошкор ва аз ду сокини вилояти Суғд 13 купюраи сохтакоришудаи 500 евроӣ мусодира шуда буд. 

ВУД-и Тоҷикистон  шаҳрвандонро ҳушдор медиҳад, ки асъори хориҷиро танҳо аз бонкҳо ё нуқтаҳои махсуси мубодилавӣ дастрас намоянд.