Тағйироти кадрии Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Данғара то шаҳри Душанбе

Бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раисони ноҳияҳои Рӯдакӣ, Тоҷикобод, Данғара, Ховалинг ва ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз вазифаҳояшон озод гардиданд.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Имрӯз раиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо натиҷагирӣ аз фаъолияти роҳбарони баъзе вазорату идора ва раисони шаҳру ноҳияҳои мамлакат тағйироти кадрӣ ба амал баровард, хабар медиҳад дафтари матбуоти президент.

Бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раисони ноҳияҳои Рӯдакӣ, Тоҷикобод, Данғара, Ховалинг ва ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз вазифаҳояшон озод гардиданд.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуфӣ Муҳаммадраҳим – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, Акрамзода Рустам – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рӯдакӣ, Маҳмадшозода Ҳамидулло Ғайратшо – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Тоҷикобод, Раҳмон Исломиддин Хайриддин – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ва Акрамзода Парвиз Акрам – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон таъйин гардиданд.