Дастгир гардидани 4 нафар бо гумони муомилоти ғайриқонунии ҳабҳои экстазӣ

Зимни чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ кормандони ВУД дар шаҳри Душанбе 4 ҷавонро ҳамчун гумонбар дар хариду фурӯш ва истеъмоли ҳабҳои экстазӣ дастгир кардаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Кормандони Вазорати умури дохилӣ (ВУД) зимни пешбурди як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе 4 нафарро ҳамчун гумонбар дар хариду фурӯш ва истеъмоли ҳабҳои (таблеткаҳои) экстазӣ дастгир кардаанд, хабар додааст дафтари матбуоти ВУД.

Манбаъ афзудааст, ки зимни чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ муайян карда шудааст, ки гумонбаршавандаҳо 44-адад ҳабҳои экстазиро бо нияти истифода кардан ва фурухтан бо роҳи ғайриқонунӣ харидорӣ намуда, дар манзили истиқоматии яке аз аъзоёни гурӯҳ нигоҳ доштаанд. Сипас гумонбаршавандаҳо аз ин миқдор 20 ададашро истеъмол ва қисме аз онҳоро бо роҳи ғайриқонунӣ фурухтаанд, ки зимни идомаи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз паноҳгоҳи гумонбаршавандаҳо 24 адад ҳабҳои экстазии боқимонда ҳамчун далели шайъӣ дарёфту мусодира карда шуданд.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати гумонбарон Зоиров Абдурасул Холиқович, Худойбердиев Зоир Авазхонович, Асроров Маҳмадюнус Маҳмадюсупович ва Раҳматуллозода Беҳрӯзи Субҳоналӣ тибқи талаботи моддаи 200 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Мавриди зикр аст, ки танҳо давоми 10 моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби Раёсати ВУД дар шаҳри Душанбе 11 ҳолати муомилоти ғайриқонунии моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо ошкор карда шуда, дар умум 10 692 дона ҳабҳои синтетикӣ ва экстазии мадҳушкунанда дарёфту мусодира карда шудааст. Дар доираи ин парвандаҳои ҷиноятӣ 28 нафар ҷавонони аз 20 то 35 сола дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.