ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво қисман абрнок шуда, боридани борону барф дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона -4+1, рӯзона 1-6 дараҷа гарм ва дар шарқи ин вилоят шабона 11-16 ва рӯзона -0-5 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона боридани борону барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +5+7 ва рӯзона 11+13 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок шуда, шабона дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон ва фаромадани туман дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 5+7 ва рӯзона +13+15 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон, барф ва фаромадани туман дар назар аст. Ҳарорат шабона ба +4+6 ва рӯзона ба 10+12 дараҷа мерасад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда ва фаромадани туман дар назар дошта шуда, ҳарорат шабона 4+6 ва рӯзона +10+12 дараҷа гарм мешавад.