“Speedtest Global Index” суръати интернет дар Тоҷикистонро пасттарин дар ҷаҳон хонд

Дар раддабандии 124 кишвари ҷаҳон аз рӯи суръати интернет, Тоҷикистон дар мақоми охирин қарор гирифтааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Тибқи раддабандии ҷадиди “Speedtest Global Index”, ки бар асоси додаҳои моҳи октябр таҳия шудааст, суръати интернети мобилӣ дар Тоҷикистон пасттарин миёни 124 кишвари шомилшуда дар гузориш мебошад.

Мушкилиро рафъ кардем: Tcell ба муштариёнаш 50 дақиқаи ройгон ва мегабайт тақдим кард

Дар гузориши “Speedtest Global Index”, суръати интернети мобилии Тоҷикистон, 4,97 Мбит дар сония арзёбӣ шудааст. Дар ҳоле ки суръати миёнаи интернети мобилӣ дар ҷаҳон 23,8 Мбит ва баландтарин 68 Мбит/сония баҳогузорӣ шудааст.

Дар ин раддабандӣ Афғонистон мақоми 123-юм гирифтааст. Миёни кишварҳои Осиёи Миёна, Қазоқистон дар ҷои 74-ум, Қирғизистон – 94 ва Узбакистон дар зинаи 110-ум қарор дорад. Русия дар ин раддабандӣ мақоми 80-ум гирифтааст.

Ба пешгонаи кишварҳои дорои интернети босуръаттарин Норвегия, Исландия ва Сингапур шомил гардидаанд.

Ин гузориш инчунин интернети ноқилиро низ фаро гирифтааст, аммо Тоҷикистон дар ин бахши раддабандӣ шомил нашудааст. Аз рӯи интернети ноқилӣ Қазоқистон дар мақоми 58, Русия – 44, Қирғизистон – 79 ва Узбакистон - 112 қарор доранд.