Қарори нави Рустам Эмомалӣ ба тасвиб расид

Қарори раиси шаҳри Душанбе барои тасдиқи нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати шаҳри Душанбе оид ба таҷлили Рӯзи парчам ба тасвиб расид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Қарори нави раиси шаҳри Душанбе ба тасвиб расид. Дар ин бора дафтари матбуотии шаҳрдории Душанбе хабар медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, қарори раиси шаҳр дар мавриди таҷлили Рӯзи парчам дар шаҳри Душанбе аст.

"Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи замима тасдиқ карда шавад", - гуфта мешавад дар банди аввали қарори раиси шаҳр.

Муовини якуми раиси шаҳри Душанбе, муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, раисони ноҳияҳои  шаҳр, роҳбарони сохторҳои марбутаи дастгоҳи раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба иҷрои саривақтии нақшаи чорабиниҳои мазкур вазифадор шудаанд.

Ёдрас мешавем, пештар раиси вилояти Бадахшон Ёдгор Файзов шаҳрвандони Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи парчам шодбош гуфта буд.

Дар  Тоҷикистон 24-уми ноябр Рӯзи парчами давлатиро таҷлил мекунанд. Ин рӯзро дар кишвар расман аз соли 2009 ҷашн мегиранд.

Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 пазируфта шудааст. Ҳамакнун вазъи ҳуқуқӣ, тартиби омодасозӣ, андоза ва корбурди расмии Парчамро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон № 254 аз 12 майи 2007 "Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" муқаррар мекунад.

Соли 2012 дар маркази Душанбе Боғи парчами миллӣ бунёд гардид, ки онро парчами миллии Тоҷикистон оро медиҳад. Баландии сутунпояи он 165 метрро ташкил медиҳад. Ҳамчунин дар шаҳру навоҳиҳо боғҳои парчам бунёд ба истифода дода шуда истодааст.