Аловуддин Абдуллоев ҷоизаи "Нақши беҳтарини мардона"-ро гирифт

Ҳунрпешаи мардумии Тоҷикистон аз ҷашнвораи байналмилалӣ дар Қирғизистон ҷоиза овард. Нақши Аловуддин Абдуллоевро чун нақши беҳтарини мардона баҳогузорӣ карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Аловуддин Абдуллоев дар ҷашнвораи байналмилалӣ ҷоиза ба даст овардааст. Дар ин бора Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, ҷашнвора аз 12 то 17 ноябр дар Бишкек бахшида ба 90-солагии нависандаи номӣ Чингиз Айтматов баргузор гардидааст.

"Ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар ҷашнвораи мазкур намоиши "Қиёмат"-и Чингиз Айтматовро дар таҳияи саркоргардони театр Раҷабзода Парвиз пешкаши тамошобинон ва аъзои ҳакамон гардониданд", - менависад Вазорати фарҳанг.

Ҳунармандони тоҷик дар фестивал бо Дипломи махсуси Вазорати фарҳанг, иттилоот ва сайёҳии Ҷумҳурии Қирғизистон бахшида ба 90-солагии Чингиз Айтматов қадр гардиданд. Инчунин Ҷоиза барои "Нақши беҳтарини мардона" ба Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Аловуддин Абдуллоев ва Ҷоиза барои "Нақши беҳтарини мардонаи плани дуюм" ба ҳунарпеша Қурбонмуҳаммад Шукуров супорида шуд.