Ҷароҳати 8 шаҳрванди Тоҷикистон дар пайи садама дар вилояти назди Маскав

Ҳодисаи нохуши нақлиётӣ рӯзи гузашта, 19-уми ноябр дар шоҳроҳи М-5, наздикии деҳоти "Осторвцы" рух додааст. Дар натиҷа 8 шаҳрванди Тоҷикистон ҷароҳат бардоштаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Ҳашт шаҳрванди Тоҷикистон дар пайи бархӯрди микроавтобус бо мошини боркаш дар ноҳияи Раменкии вилояти Маскав маҷрӯҳ шуданд, хабар медиҳад РИА Новости.

Дар километри 33-уми шоҳроҳи М-5, наздикии деҳаи "Островцы" ҳодисаи нохуши нақлиётӣ рух додааст. Дар пайи садама ҳашт нафар маҷрӯҳ шуданд, ҳама шаҳрванди Тоҷикистон буданд, менависад манбаъ.

Ҳодиса рӯзи гузашта, 19-уми ноябр рух додааст.

Тафсилоти бештари ҳодиса шарҳ дода намешавад.