Расонаҳо: куштори Хошуқчӣ шоҳзодаи Саудиро аз мақомаш бенасиб мегардонад

Аъзоёни хонаводаи шоҳигарии Саудӣ хостаанд, ки дар оянда роҳбарии Арабистонро бародари 76-солаи шоҳи феълӣ Салмон Аҳмад ибни Абдулазиз бар дӯш бигирад, на шоҳзода Муҳаммад ибни Салмон Ал-Сауд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Шоҳзода Муҳаммад ибни Салмон Ас-Сауд шояд аз ворисии шоҳи Саудӣ, бо сабаби иттиҳоми даст доштан дар куштори рӯзноманигор Ҷамол Хошуқчӣ маҳрум гардад, иттилоъ медиҳад оҷонсии Reuters.

Ба иттилои манбаъ, аъзоёни оилаи шоҳи Сауд, аз ҷумла амакписарҳои шоҳзода намехоҳанд, ки ӯ ба мақоми роҳбари кишвар соҳиб шавад.

Гап дар сари он аст, ки дар Арабистони Саудӣ ҳокимият ба таври автоматӣ ба писари калонии оила намегузарад.

Ба иттилоъи манбаъ, баъзе  аъзоёни оилаи шоҳигарии Саудӣ талабгори он шудаанд, ки дар оянда роҳбарии Арабистонро бародари 76-солаи шоҳи феълӣ Салман Аҳмад ибни Абдулазиз бар дӯш бигирад.

Ин дар ҳолест, ки баъзе аз наздикони шоҳзода мақсади мухолифӣ надоранд, зеро бар гумон аст, ки шоҳи феълӣ писарашро аз ин мансаби авлодӣ маҳрум созад.

Онҳо мехоҳанд баъди марги шоҳ номзадии бародари ӯро ба ин мақом пешниҳод кунанд.   

Лозим ба ёдоварист, ки ду ҳафта пеш мақомдорони Амрико изҳод доштаанд, ки номзадии Аҳмадро, яъне бародари шоҳи феълиро ба мақоми шоҳаншоҳӣ дастгирӣ хоҳанд кард.

Ғайр аз ин расонаҳои хабарии Амрико хабар дода буданд, ки Маркази идораи ҷустуҷӯии ИМА ба хулосае омадааст, ки шояд шоҳзода Муҳаммад ибни Салман фармон дар бораи кӯштори рӯзноманигор Ҷамол Хошуқчиро дода бошад.

Тавре, ки маълум аст Хошуқчӣ ҳамчун шореҳи рӯзномаи Washington Post кор мекард ва аз соли 2017 дар Амрико ба сар мебурд.

Рӯзноманигор рӯзи 2 октябри соли равон баъд аз воридшавиаш ба  консулгарии  Арабистони Саудӣ дар шаҳри Истамбул нопадид шуд.

Баъдан расонаҳои хабарии Арабистони Саудӣ дар истинод ба додситонии ин кишвар хабар доданд, ки Хошуқчӣ фавтидааст ва сабаби марги ӯ ҷанҷол миёни кормандони консулгарӣ будааст.

Мақомоти Арабистони Саудӣ дар пайи куштори Хошуқчӣ 21 нафарро дастгир кардааст, ки 5-тояшро ҷазои қатл таҳдид мекунад ва дигаронашро ҷазоҳои гуногун мувофиқи қовини шариат.