Оғози давраи дувуми "Андалеб-2018" дар Тоҷикистон

Гулчини барномаҳои ҳунарии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва ҷамъбасти Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ "Андалеб-2018" 25 ноябри соли 2018 соати 1100 дар Қасри фарҳанги шаҳри Ҳисор баргузор мегардад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Дар Тоҷикистон давраи дувуми "Андалеб-2018" ифтитоҳ ёфт, хабар медиҳад Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, давраи навбатӣ 9 ноябрдар толори Қасри фарҳанги шаҳри Ҳисор бо тантана оғоз шудааст.

Дар маросими ифтитоҳи чорабинӣ вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода иштирок намуд.

"Вазири фарҳанг зикр намуд, ки ҷамъбасти муваффақонаи даври аввали Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ "Андалеб-2018" ба кашфи истеъдодҳои нав, тарбия намудани насли наврас дар рӯҳияи садоқат ба халқу ватан, рушду нумӯи ҳунарҳои мардумӣ, густариши маънавиёти ҷомеа ва ободонию созандагиҳо мусоидат намудааст", - изҳор доштааст Орумбекзода.

Нозияи Кароматуллоҳ ба саҳна баргашт ва таронаи падарро зинда кард (НАВОР)

Ба даври дуюм он дастаҳои ҳунарии шаҳру ноҳияҳои мамлакат, ки дар даври аввал холҳои баландтарро сазовор гардиданд, роҳ ёфтаанд.

19 ноябр намоиши дастаҳои ҳунарии шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон манзури доварон ва мухлисони чорабинӣ гардид. Дар натиҷа шаҳри Хисор 136,2 ноҳияи Ёвон 124,6 хол ба даст оварданд.

20 ноябр дастаҳои ҳунарии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон малакаи худро дар даври дуввум месанҷанд. 

21 ноябр дастаҳои ҳунарии ноҳияи Файзобод ва шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд 22 ноябр бошад, ноҳияи Тоҷикобод ва шаҳри Хоруғи ВМКБ баромад мекунанд.

Гулчини барномаҳои ҳунарии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва ҷамъбасти Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ "Андалеб-2018" 25 ноябри соли 2018 соати 1100 дар Қасри фарҳанги шаҳри Ҳисор баргузор мегардад.