Додгоҳ Маҷидовро хатарнок хонду аз Русия ихроҷ кард

Абдуваҳҳоб Маҷидов, ҷавони тоҷикистонӣ, ки номаш баъди пойгаи мошинҳои гаронарзиш бо иштироки писари ноиби раиси “Лукойл”, Руслан Шамсуаров дар соли 2016 расонаӣ шуд, ахиран аз Русия ихроҷ шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Додгоҳи Замоскворетскийи Маскав ба хулосае омадааст, ки Маҷидов барои тартиботи ҷамъиятӣ ва сохти конститутсионии Русия хатар дорад ва қарори ВУД барои ихроҷро ҷонибдорӣ кардааст.

Собянин: баъд аз ҷорӣ намудани “Патент” ҷиноят аз тарафи муҳоҷирон кам шуд

Маркази мубориза бо экстремизми Раёсати умури дохилии Маскав хабар додааст, ки Маҷидов алайҳи Ҳукумат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ташвиқот мебарад.

Лиана Ахмедова, сухангӯи додгоҳи Замоскваретскийи Маскав ба хабаргузории “Москва” иттилоъ додааст, ки Маҷидов ба додгоҳ муроҷиат карда, хостори бекор кардани қарори Вазорати умури дохилӣ дар бораи ихроҷи ӯ шудааст, аммо додгоҳ дархосташро рад кардааст.

Манбаъ афзудааст, ки қаблан мақомот муайян кардаанд, ки шаҳрвандии Русия ба Абдуваҳҳоб Маҷидов бо пешниҳоди иттилои дурӯғ дода шудааст ва дар ҳамин асос шаҳрвандии ӯ бекор гардидааст.

Ёвари Президент дар бораи хислати Раҳмон ва “Роғун”: ба муҳоҷирати меҳнатӣ ниёз намемонад

Номи Абдуваҳҳоб Маҷидов барои иштирокаш дар қазияи пойга бо “Gelandewagen”,  моҳи майи соли 2016 дар сархати расонаҳои Русия қарор гирифт.  Абдуваҳҳоб Маҷидов сари фармони “Gelandewagen”, ки ба писари ноиби раиси “Лукойл”, Шамсуаров тааллуқ доштааст, бо пулиси роҳи Маскав сабқат кардааст.

Маҷидов дар додгоҳ гуфта буд, ки сари чанбаракаи “Gelandewagen” барои он нишаста буд, ки рафиқаш Шамсуаров дар маркази дилхушии шабона шароб нӯшида будааст. Додгоҳ дар ин қазия Маҷидовро бегуноҳ эътироф карда,  дӯстонаш Руслан Шамсуаров ва Виктор Усковро ба корҳои ислоҳӣ маҳкум карда буд.