Зери ниқоби ҳанафӣ: боздошти 22 сархатиб ва табдили самти кори 1807 масҷиди ғайрирасмӣ

Шодӣ Ҳафиззода, сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, мегӯяд, бархе аз хатибони масоҷиди кишвар пинҳонӣ бо ташкилотҳои ифротӣ ҳамкорӣ доранд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Ҳафиззода зимни соати парлумонӣ дар мавзӯи созмонҳои ифротию террористӣ гуфт, қисме аз толибилмоне, ки дар хориҷи кишвар таҳсилоти динӣ гирифтаанд, имрӯзҳо ба ҳайси имомхатиб ва сархатиб дар масҷидҳои кишвар фаъолият мекунанд ва ба таври махфӣ бо ташкилотҳои ифротӣ ҳамкорӣ ва ақидаҳои тундрави онҳоро аз номи мазҳаби ҳанафӣ таблиғ менамоянд.

Афзоиши диндорӣ ва коҳиши тарғиби дунявият: генерал Умаров 5 сабаби ифротгароиро ном бурд

“Масалан, тайи солҳои 2016-2017 ва 9 моҳи соли ҷорӣ 22 сархатиби масҷидҳо бо ҷурми ҳамкорӣ бо ташкилотҳои террористӣ дастгир гардиданд, ки 12 нафари онҳо барои доштани робитаҳои зич бо ташкилоти террористии "Бародарони мусулмон", 9 нафар барои аъзо будан дар ташкилоти экстремистии “Салафия” ва 1 нафар барои аъзо будан дар ташкилоти террористии “Давлати исломӣ” айбдор дониста шудаанд”, - овардааст нашрияи “Садои мардум” аз қавли Ҳафиззода.

Абдураҳим Абдулҳасаниён, сардори Раёсати муқовимат бо терроризм, экстремизм ва назорати иҷрои қонунҳо дар самти амнияти миллии Додситонии кулли Тоҷикистон низ зимни соати парлумонӣ изҳор доштааст, ки барои озодона анҷом додани расму оини динӣ дар кишвар ҳама шароит фароҳам аст.

“Аз ҷумла, теъдоди масҷидҳо аз 113 адади соли 1991 дар соли 2017 ба 4 ҳазор расидааст, мутаассифона, баъзе ходимони дин аз ин озодиҳо суиистифода намуда, масҷидҳоро ҳамчун минбари ташвиқи ғояҳои динии ғайрианъанавӣ ва паҳнкунии ақидаҳои ифротӣ истифода мебаранд. Онҳо ба фазои динии кишвар ғояву ақидаҳои барои мардуми мо бегонаро, ки моҳияти сиёсии ифротӣ доранд, ворид ва онро хеле осебпазир намуда, ба суботу оромии ҷомеа таҳдиди ҷиддӣ эҷод менамоянд”, - изҳор доштааст Абдулҳасаниён.

Прокурор дар бораи “пешволидерон” дар мактабҳо ва омӯзгорони “пуштибон”

Ба гуфтаи ӯ як қатор имомхатибони дигар бошанд, ҳангоми гирифтани таълимоти динӣ дар хориҷи кишвар пайрави равияи экстремистии “Салафия” гардида, ғояҳои ифротии онро дар байни намозгузорон ташвиқу тарғиб менамоянд.

Ин масъули додситонӣ таъкид намудааст, ки яке аз омилҳои паҳншавии ақидаҳои ифротӣ фаъолияти масҷидҳои ғайрирасмӣ мебошад.

“Солҳои охир дар натиҷаи чораҷӯйиҳо 1807 масҷиди ғайрирасмӣ ба ҷойҳои ҷамъиятиву иншооти иҷтимоӣ табдил дода шудаанд”, - иттилоъ додааст Абдулҳасаниён.

Вай бо зикри натиҷаи санҷишҳои Додситонии кул изҳор дошт, ки  ҳолатҳои дар асл иҷро нагаштани қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳо дар бораи ба танзим даровардани масҷидҳои ғайрирасмӣ ва табдил додани биноҳои онҳо ба иншооти иҷтимоиро дар баъзе шаҳру ноҳия ошкор шуданд.

“Ин ҳолат ба таври ҷиддӣ ҷоннок кардани фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро дар ин самт тақозо менамояд”, - зарур хондааст Абдулҳасаниён.