Ҳодисаи нохуши рӯзи 16-уми ноябр: Зоиров хонандаи синфи якро пахш кард

Шоми рӯзи гузашта, 16-уми ноябр дар шаҳри Исфара дар пайи ҳодисаи нохуши нақлиёти кӯдаки 7-солае зери чархи мошин монда, мутаассифона ба ҳалокат расидааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз ҳодисаи нохуши нақлиётии шоми 16-уми ноябр дар шаҳри Исфара хабар додааст. Мутаассифона дар пайи ин ҳодиса мактабхоне ба ҳалокат расидааст.

Бино бар иттилои манбаъ, 16-уми ноябр, тахминан соати 16:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Зоиров Ҳамидулло Ҳусейнович, соли таваллудаш 1992,, ҳангоми ҳаракат дар дохили шаҳри мазкур, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадаааст.

Ӯ пиёдагарди ноболиғ, Абдурауфов Маҳмадюсуф Обидович, соли таваллудаш 2010, хонандаи синфи 1-уми МТМУ №28, сокини ҷамоати деҳоти Чоркӯҳро пахш намудааст, меафзояд манбаъ.

Дар натиҷа, пиёдагарди ноболиғ Абдурауфов М.О. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. 

Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.