Ба гуфтаи коршиноси рус, Русия на танҳо бояд Тоҷикистонро аз ҷиҳати низомӣ ва ҳифзи марз кӯмак кунад, балки бояд дар сохтмони иншооти муҳимтарини кишвар - нерӯгоҳи Роғун кӯмак намояд.
Коршиноси рус гуфт, ки Русия дар сохтмони "Роғун" чигуна кӯмак кард
© Sputnik
"Ҳоло корҳои Роғун дар пешанд - бояд ағба ва обанборҳои зиёд сохт, ки онҳо маҷрои бузурги обро ба агрегатҳо мерасонанд. Албатта барои сохмони Роғун ба сохтмончиён техника ва таҷрибаи гидроэнергетикии Русия кӯмак расонидаанд", - гуфт коршинос ба Sputnik Тоҷикистон.
Агрегати аввали нерӯгоҳи Роғун 16-уми ноябр бо ҳузури раисҷумҳури Тоҷикистон ва меҳмонони зиёди хориҷиву дохилӣ ба истифода дода шуд.
Интизор меравад агрегати навбатӣ соли 2019 ба истифода дода шавад.