Интиқоди Азим Иброҳим аз омодагии Суғд ба давраи зимистонгузаронӣ

Азим Иброҳим, муъовини нахуствазири Тоҷикистон аз омодагии устони Суғд ба мавсими зимистон интиқод кард,
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Бино ба иттилоъи ҳукумати Тоҷикистон, Азиз Иброҳим дар ҷаласаи ситоди ҷумҳурии омодагӣ ба зимистон дар мавриди адами кифояти захираи ғизо ва либоси гарм барои сарбозону афсарони вазорати дифоъи мустақарр дар устони Суғди ҶТ ибрози ризоят накард. 

Ҳамчунин, ӯ аз захираи хӯроки чорво барои зимистон интиқод кард.

Бар асоси додаҳои ҳукумати маҳаллӣ, захираи хӯроки чорво барои 7-8 рӯз кифояткунанда аст.

Гуфта мешавад, ки гурӯҳи корӣ дар бархе аз шаҳру ноҳияҳои устон ҳисоби ғалат мекунанд, ки ин ҳисобҳо вазъияти дақиқи бархе аз заминаҳоро муъайян намекунад.

Муъовини нахуствазири кишвар сохторҳои масъулро муваззаф кард, ки то 1 декабр камбудиҳоро ҷуброн кунанд ва ба ҳукумати кишвар гузориши дақиқ диҳанд.