ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Имрӯз, 16-уми ноябр раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат бо ноиби президенти Бонки Ҷаҳонӣ дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Сирил Мюллер мулоқот кард. Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҷонибҳо дар мулоқот масоили ҳамкории Ҳукумати Тоҷикистон бо ин ташкилотро баррасӣ карданд.
Раисҷумҳур аз Мюллер барои дарки муҳимияти бунёди "Роғун" изҳори сипос кардааст.
"Эмомалӣ Раҳмон ба Бонки ҷаҳонӣ барои дарки муҳимияти бунёди Нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" дар самти таъмини истиқлолияти энергетикӣ, таҳқиқоти шаффоф ва ҳамкории судманд изҳори сипос кард", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.
Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкории судманд, дастгирии молиявӣ дар самти ноилшавӣ ба рушди устувор, самтҳои мухталифи рушд, амалигардонии ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолиро муҳокима карда, натиҷаҳои онро барои ҳар ду ҷониб баланд арзёбӣ намуданд.
Айни ҳол бо дастгирии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон 17 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, обтаъминкунӣ, энергетика, нақлиёт, экология ва дигар соҳаҳо мавриди татбиқ қарор дорад.