ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо пахши тугмача ба кори чархаи аввали НБО “Роғун” оғоз бахшид.
Раисҷумҳури кишвар НБО “Роғун”-ро дар ҳузури меҳмонон ва намояндагони ташкилотҳои хориҷӣ ба кор андохт.
Сохтмони нерӯгоҳи барқи обии дар Осиёи Марказӣ калонтарин - Роғун соли 1976 сар шуда буд. Иқтидори лоиҳавии НБО Роғун ба 3600 МВт баробар буда, он аз 6 агрегати 600 МВт ва баландии сарбанди он 335 метр муайян шуда буд. Ин нерӯгоҳ дар ҳолати пурра ба кор даромаданаш дар як сол метавонад 17,1 млрд кВт-соат нерӯи барқ ҳосил кунад.