Беш аз як миллион гардишгарони Тоҷикистон аз Русия боздид карданд

Тибқи омор дар нӯҳ моҳи соли равон 1,1 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон бо мақсади гардишагрӣ аз Русия боздид намуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 ноя – Sputnik. Дар нӯҳ моҳи соли равон бо мақсади сайёҳӣ беш аз 4 миллион шаҳрвандони хориҷӣ аз Русия боздид намуданд, иттилоъ додааст Ассосиатсияи операторҳои сайёҳӣ дар иқтибос ба омори Хадамоти марзбонии ФСБ-и Русия.

Дар ҳамин ҳол, вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба Русия ҳамагӣ ба 1,9 дарсад афзоиш ёфтааст.

Тибқи иттилои Хадамоти марзбонии ФСБ-и Русия, ҳамагӣ аз моҳи январи то сентябри соли равон аз ин кишвар 25,5 миллион шаҳрвандони хорӣҷӣ, ки нисбат ба соли гузашта 1,9 дарсад зиёд будааст, боздид намуданд. Тибқи омор 3 940 656 нафар зимни воридшави ба Русия ишора кардаанд, ки мақсад аз боздид кишвар сайёҳӣ мебошад. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли гузашта 20,3 дарсад зиёд будааст.

Эмомалӣ Раҳмон: таи ҳашт моҳ ба Мӯъминобод 6 ҳазор сайёҳ сафар кардааст

Мисли солҳои қаблӣ бештари ҷаҳонгардони хориҷӣ, ки аз Русия боздид намудаан, аз Укроин (7,2 миллион), Қазоқистон (3,3 миллион) Узбакистон (1,9 миллион), Тоҷикистон (1,1 миллион), Озарбойҷон (861,5 ҳазор), арманистон (639 ҳазор) мебошанд.

Дар нӯҳ моҳи соли равон 1 745 554 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия ворид шуданнд, аммо ҳамагӣ 790 ҳазору 116  нафар бо мақсади кор вориди ин кишвар шуданд.   

Дар нӯҳ моҳи соли равон аз ин кишварҳо ба Русия беш аз 17 миллион нафар ворид гардидааст.   

Дар ҳамин ҳол, аз ҳама бештар аз Русия ҷаҳонгардони Чин боздид намудаанд. Инчунин теъдоди ҷаҳонгардони Олмон, Корея, Амрико ва Исроил низ назаррас мебошад.