Ҳалокати беш аз 30 корманди мақомот дар пайи ҳамлаи "Толибон" дар ғарби Афғонистон

Шаби паҷшанбе ҷангиёни “Толибон” дар вилояти Фароҳ, ғарби Афғонистон се гузаргоҳро забт карданд, ки дар пайи он дастикам 30 корманди мақомоти қудратӣ ҳалоқ шуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Дастикам 35 корманди мақомоти қудратии Афғонистон дар пайи задухӯрд бо ҷангиёни ҳаракати тандагарои "Толибон" кушта шуданд, иттилоъ медиҳанд расонаҳои кишвар.

"Дар вилояти Фароҳ сию панҷ кормандони мақомоти амниятӣ дар ҷараёни ҳамлаи толибон кушта шуданд”,- омадааст дар иттилои манобеъ.

Tolo Newsдар истинод ба манобеи худ дар мақомотҳои қудратии Афғонистон хабар додааст, ки шаби чоршанбе ҷангиён се гузаргоҳро забт карданд. Мақомоти кишвар ҳангоми муқовимат ба ҳамлаи толибон 35 кормандашро аз даст додааст.