Занеро шабона дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ латукӯб ва ғорат карданд

Ҷавони 21-солаи сокини шаҳри Ваҳдат ба иттиҳоми латукӯби зан ва ғорати ҳамёни вай боздошт шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки шаби 13-уми ноябр дар кӯчаи Исмоили Сомонии ноҳияи Шаҳритус зани 30-солаеро ғорат карданд.

Дар ин бора худи зан бо аризаи шикоятӣ ба мақомоти милиса муроҷиат кардааст.

Ба гуфтаи вай, ҳангоми дар кӯчаи мазкур қарор доштанаш, марде ӯро аввал латукӯб карда, сипас ҳамёнашро кашида гирифтааст.

"Дар ҳамёнам 300 сомонӣ пул ва телефон доштам", - гуфтааст зан.

Кормандони милиса ҳангоми амалиёти бозҷӯӣ ҷавони 21-солаеро ба иттиҳоми ғаратгарӣ боздошт кардаанд.

Тафтишот идома дорад.