Исмоилов аз Тошканд барои мулоқот бо Раҳмон ба Душанбе меояд

Нурдинҷон Исмоилов, раиси Палатаи қонунгузории Узбакистон дар доираи сафараш бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раиси Маҷлиси миллӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев ва раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров мулоқот мекунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Раиси Палатаи қонунгузории Олии Маҷлиси Узбакистон Нурдинҷон Исмоилов бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд, хабар медиҳад "Ховар".

Бино бар иттилои манбаъ, сафари Исмоилов ба Тоҷикистон аз 19 то 22-уми ноябр сурат мегирад.

"Меҳмони олиқадр дар доираи сафари расмияш ба Тоҷикистон бо раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров мулоқот мекунад", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Ҳамчунин дар назар аст, ки зимни сафар  раиси Палатаи қонунгузории Олии Маҷлиси Узбакистон аз Осорхонаи миллӣ, толорҳои "Кохи Наврӯз", корхонаи саноатии "Ноқили Талко", Неругоҳи барқи обии "Норак" ва обанбори он, китобхонаи шаҳри Норак, Боғи фарҳангу фароғати ба номи Мир Алишер Навоӣ  дидан намояд.