Фардо, 16-уми ноябр дар Тоҷикистон дар як маросими пуршукӯҳ раисҷумҳури кишвар, Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти агрегати аввали бузургтарин нерӯгоҳ дар Осиёи Марказӣ - Роғун ҳусни оғоз мебахшад.
Дар маросими ифтитоҳи нерӯгоҳ меҳмонон аз дохилу хориҷи кишвар ва намояндагони бештар аз 30 расонаҳо иштирок хоҳанд кард.
Сохтмони Роғун дар Тоҷикистон ҳанӯз дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ, дар соли 1976 оғоз шуда буд.
Мувофиқи лоиҳа, сарбанди нерӯгоҳ баландтарин сарбанд дар ҷаҳон аст.