Назарбоев хостори ташкили Созмони паймони амнияти дастаҷамъии Осиё шуд

Раисҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар ҷаласаи умумии Astana Club пешниҳод кард, ки дар Осиё Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ созмон ёбад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Президенти Қазоқистон хостори ташкили Созмони паймони амнияти дастаҷамъии Осиё дар заминаи  Машварати ҳамгироӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) шуд.

"Ба фиқри ман, ба Осиё   созмони амнияти дастаҷамъии худаш лозим аст. Фикр мекунам, ки бо мурури замон он пайдо мешавад. Ташаббуси Қазоқистон дар  Машварати ҳамгироӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки дар он имрӯз 30 кишвари Осиё иштирок мекунанд, метавонад дар оянда ба  созмони амнияту ҳамкорӣ асос шавад”, - гуфт Назарбаев дар ҷаласаи умумии Astana Club.

Инчунин, ӯ таъкид намуд, ки ин созмони Осиё ва САҲА якҷо метавонистанд дар АвруОсиё минтақаи амниятӣ созмон диҳанд.

“Пешниҳод мекунам, ки барои амалӣ кардани ин мақсад, аввал маҷлисҳои машваратии амниятии САҲА, МҲТБО, АСЕАН баргузор шавад. Котиботҳои ин созмонҳо метавонистанд бо мақсади муқоиса кардани мавқеи худ мулоқот кунанд. Мувофиқи мақсад аст, ки дар Остона конфронси амният дар АвруОсиё баргузор шавад, вале на барои он, ки мо ҳамеша меҳоҳем  тамоми чорабиниҳоро  дар Остона гузаронем. Сарфи назар аз минтақаи баргузории он, гузаронидани ин мулоқот муҳим аст”, - афзуд Назарбаев.