ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ, ба идораи милиса дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, марди 41-сола муроҷиат карда, арз доштааст, ки 13-уми ноябр, тахминан соати 12:00 аз дукони гӯштфурӯшиаш дар кӯчаи Меҳнати пойтахт 150 кило гӯшти говро дуздидаанд.
Ҷабрдида арзиши гӯшти дуздидашударо 6 ҳазор сомонӣ гуфтааст.
ВУД афзуд, ки феълан бо иттиҳоми гӯштдуздӣ ҷавони 18-сола, сокини кӯчаи Саҳбои пойтахт дастгир шуда, тафтиши ҳодиса идома дорад.