Бобои Барфии тоҷикӣ ба даҳгонаи машҳуртарин Бобоҳои Барфии ИДМ ворид шуд

Бобои Барфии тоҷикӣ ба даҳгонаи Бобоҳои Барфии байни гардишгарон машҳури кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил ворид шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Дар раддабандии даҳгонаи Бобоҳои Барфии байни сайёҳон машҳури кишварҳои ИДМ ва Гурҷистон, Бобои Барфии тоҷикӣ низ ҷой дорад, хабар медиҳад пойгоҳи таҳлилии ТурСтат.

Ба даҳгонаи бобоҳои барфии машҳури кишварҳои ҳамсуд Дзед Марози Белорус, Аяз Атаи Қазоқистон, Шахта Бабаи Озорбойҷон, Каханд Папаи Арманистон, Қорбобои Узбакистон, Мош Крэчуни Молдова, Аяз Атаи Қирғизистон, Бобои Барфии  Тоҷикистон, Аяз Бабаи Туркманистон ваи Товлис Папаи Гурҷистон ворид шудаанд.

Раддабандӣ дар натиҷаи таҳлилҳои боздиди сайёҳон аз қароргоҳҳои Бобоҳои Барфии кишварҳо омода ва пешниҳод шудааст.

Таҷлили ҷашни Соли нав дар Тоҷикистон аз замони ҳокимияти Шӯравӣ оғоз шуд. Феълан, дар Тоҷикистон Соли нав ва Наврӯз чун ҷашнҳои расмӣ таҷлил карда мешавад.