Имрӯз, 14 ноябр раисҷумҳури Тоҷикистон дар Қасри миллат ба ифтихори ба фаъолият оғоз кардани агрегати якуми НБО “Роғун” ба беш аз 100 мутахассиси касбу кори гуногун, ки дар бунёди ин иншоот саҳм гузоштаанд, мукофотҳои давлатӣ супорид.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз дар маросими навбатии супоридани мукофотҳои давлатӣ аз корманди оддӣ сар карда, то экскваторчӣ, васлгару ронанда, нақбкану кафшергар, пармагару барқчӣ, дуредгару муҳандис ва роҳбарони ширкатҳои сохтмонӣ иштирок доштанд, ки дар қитъаҳои гуногуни “Роғун” заҳмат мекашанд.
Агрегати аввали нерӯгоҳи Роғун 16-уми ноябр дар Рӯзи президент дар Тоҷикистон ба фаъолият оғоз мекунад.