Озмуни Додситонии кулли Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холӣ

Довталабон бояд хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносӣ ва донандаи хуби забони давлатӣ бошанд. Гуфта мешавад, синну сол низ ба назар гирифта мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Додситонии кулли Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холӣ дар додситониҳои ҷумҳурӣ озмун эълон кардааст.

Бино бар иттилои дафтари матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон, додситонии ноҳияи Шаҳринав ниёз ба сармуҳандиси Раёсати корҳои Додситонии кулл, мутахассиси пешбари бахши коргузории махфии Додситонии кулл ва мутахассиси шуъбаи қабули шаҳрвандон ва баррасии муроҷиатҳо дар Додситонии кулл дорад.

"Музди меҳнати вазифавии мутахассиси прокуратураи ноҳияи Шаҳринав 630 сомонӣ ва мутахассиси пешбар – сармуҳандиси Раёсати корҳои Прокуратураи генералӣ 978 сомонӣ, мутахассиси пешбари шуъбаи коргузории Прокуратураи генералӣ 978 сомонӣ, мутахассиси пешбари бахши коргузории махфии Прокуратураи генералӣ 978 сомонӣ ва мутахассиси шуъбаи қабули шаҳрвандон ва баррасии муроҷиатҳо дар Прокуратураи генералӣ 804 сомонӣ мебошанд", - менависад манбаъ.

Довталабон бояд хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ё Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия ва ё Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бошанд, доғи судӣ надошта бошанд, солим бошанд, донандаи хуби забони давлатӣ ва компютер бошанд.

Ҳамчунин синну соли довталабон бояд то 35-сола бошад.

Довталабон бояд ба Додситонии кулли Тоҷикистон номгӯи чанд санадҳоро дар шакли хаттӣ пешниҳод кунанд.

Бо номгӯи ҳуҷҷатҳои лозима метавонед аз вебгоҳи Додситонии кулли Тоҷикистон шинос шавед.