СММ аз Тоҷикистон даъват намудааст, ки ташхиси бакоратро аз байн барад (навор)

Коршиносони СММ, “ташхиси бакорат” қабл аз издивоҷро як навъи таҳдид бар занон арзёбӣ намуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Кумитаи ҳимоят аз ҳуқуқи занон дар Созмони Милали Муттаҳид аз ҳукумати Тоҷикистон даъват намудааст, ки таҷрибаи “ташхиси бакорат” қабл аз издивоҷро хотима бахшанд.

Кумита мазкур ахиран бо изҳори нигаронӣ таъкид намудааст, ки мақомоти Тоҷикистон бояд ба Кодекси оила ислоҳот ворид намояд ва таҷрибаи “ташхиси бакорат”-ро комилан аз байн бубарад.

Хулоса ва тавсияҳои коршиносони кумита дар ҳоле эълон шуд, ки ҳайати ҳукумати Тоҷикистон дар маҷлиси Кумитаи ҳимоят аз ҳуқуқи занон дар СММ иштирок намуд.  Дар он намояндагони кишвар гузориш доданд, ки дар тӯли панҷ соли  Тоҷикистон  барои аз байн бурдани зӯроварӣ нисбати занон чӣ иқдомҳоеро пеш гирифт.

СММ аз Тоҷикистон даъват намудааст, ки ташхиси бакоратро аз байн барад (навор)

Ёдрас мешавем, ки дар Тоҷикистон соли 2016 ба Кодекси оила тағйиру иловаҳо ворид кард, ки  мувофиқи он духтарон пеш аз издивоҷ бояд ташхиси тиббӣ гузуранд.