Грозин: Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм ба кӯмаки Русия ниёз дорад

Пештар мақомоти амниятии Тоҷикистон 12 нафарро ба иттиҳоми кӯшиши анҷом додани инфиҷор дар пойгоҳи низомии 201-уми Русия ва мактаби русӣ дастгир карданд. Узви гурӯҳ пайрави гурӯҳи террористи ДОИШ (мамнӯъ дар Тоҷикистон) будаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Тамаюли тезутунд шудани таҳдидҳои террористӣ дар Тоҷикистон дар оянда низ ҷой дошта метавонад, Душанбе барои мубориза бо терроризм ба кӯмаки Маскав ниёз дорад, гуфтааст коршиноси рус Андрей Грозин дар мусоҳиба бо РИА Новости.

Пештар мақомоти амниятии Тоҷикистон 12 узви гурӯҳеро дастгир карданд, ки ба тарҳрезии нақшаи инфиҷор дар пойгоҳи низомии 201-уми Русия ва мактаби русӣ муттаҳам мешуданд.

"Ҳамаи ин зуҳурот тахминан як тартиб доранд - ҳам тераткте, ки тобистон дар Данғара анҷом дода шуд ва ҳам кӯшиши анҷом додани теракт феълан. Он вақт Душанбе ҳамларо кори ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи Наҳзати ислом гуфта буд, дар ҳоле ки масъулияти ҳодисаро ДОИШ бар ӯҳда гирифт.

Мафҳум аст, ки мавқеи расмӣ тағйир ёфтааст. Ин раванд, эҳтимол меравад, ки дар оянда низ ҷой дошта тавонад ва бояд ба он омода шуд. Боздошти 12 нафар аз он шаҳодат медиҳад, ки мақомот кор мебаранд ва он натиҷа дорад", - мегӯяд Грозин.

Ба қавли коршинос, вазъи бамиёномада ғайриинтизор набуд.

"Мутаассифона, вазъият ғайриинтизор набуд. Шумораи шаҳрвандоне, ки пайрави гурӯҳҳои мухталифи тундгаро гаштаанд, садҳо нафарро ташкил медиҳанд. Маълум аст, ки далелҳои рухдодҳо дохилианд - иҷтимоиву иқтисодианд пеш аз ҳама. Маълум аст, ки бештари аҳолӣ аз ҳаёти хуб намегурезанд ва дар кӯчаҳои террористӣ роҳи худро намеҷӯянд. Мардуми бекор, бетартиб, мехоҳанд имкониятҳои худро дар гурӯҳҳои радикалистӣ истифода барнанд", - гуфт Грозин.

Тавре ӯ афзуд, бо далели бузургии таҳдидҳо Тоҷикистон ба танҳоӣ наметавонад бо терроризми байналмилалӣ мубориза барад.

"Маълум аст, ки Душанбе бидуни кӯмаки беруна, пеш аз ҳама аз Русия наметавонад ин мушкилотро ҳал кунад", - таъкид мекунад Андрей Грозин.