Борону барф: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйиёбанда дар назар буда, боридани борон ва дар баландиҳои бориши барф пешбинӣ мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Имрӯз, 13 ноябр дар ҷумҳурӣ ҳаво абрнок шуда, боридани борон ва  барф дар назар аст, хабар медиҳад Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда  шуда, шабона боридани борону барф дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона -0-5, рӯзона  +5+10  ва дар шарқи ин вилоят шабона -10-15   ва рӯзона -4+1 дараҷа сард  мешавад.

Дар вилояти Суғд  ҳавои абрнок шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон ва барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 4-9  метр   дар як сония мевазад.  Ҳаво дар водиҳо шабона -3+2  ва рӯзона  3+8   дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки  тағйирёбанда  шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борони кӯтоҳмуддат  ва фаромадани туман  дар назар аст.  Ҳаво дар водиҳо шабона 3+8 ва рӯзона +10+15 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, дар водиҳо борони кӯтоҳмуддат ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон меборад. Дар баландии 2500 м барф борида, туман мефарояд.  Ҳарорат шабона ба 3+8  ва рӯзона  ба  9+14  дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҳолатҳо боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Ҳаво  шабона +3+5  ва рӯзона +11+13  дараҷа гарм мешавад.