Раёсати ВУД дар Душанбе: барои "ошталош" касеро муҷозот накардаем

Дар рафти фестивал муҳим амнияти мардумро пурра таъмин кардем ва ҷинояте ба қайд гирифта нашудааст. Касе барои "ошталош" муҷозот нашудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Як навор аз ҷашнвораи "Оши палав" дар Душанбе дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавҷи интиқодҳоро ба бор овард.

Тавре дар наворе, ки корбарони шабкаҳои иҷтимоӣ паҳн кардаанд, дида мешавад, дар сари деги пур аз палав мардуми зиёде ҷамъ омада, ҳар яке бо  лаганду каланд ва ҳатто даст кӯшиш мекунанд барои худ ош гиранд. Ба гуфтаи корбарон мағал дар сари деги ош  "қиёматеро мемонд".

Sputnik Тоҷикистон аз масъулини Раёсати Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар Душанбе пурсон шуд, ки оё аз ин бетартибиҳои мақомот хабар доранд ва роҳи пешгирии онро дар чӣ мебинанд.

"Аз ҷониби кормандони милиса тартибот дар фестивал пурра назорат мегардид. Муҳим амнияти мардум таъмин карда шуда буд. Дар он рӯз ягон ҷиноят ба қайд гирифта нашудааст ва касеро барои "ошталош" муҷозот ҳам накардаем", - гуфт масъули раёсат.

Ёдрас мешавем, 10 ноябр дар боғи Фирдавсии шаҳри Душанбе фестивали "Оши палав" бо як шаҳомати хос ташкил карда шуд.

Рамзӣ буд, ки дар фестивал дар як дег як тонна ош пухтанд.

Ҳафт ошпаз аз 250 кило  биринҷ, 200 кило гушт, 350 кило сабзӣ, 40 литр равгани зағер, 50 литр равғани офтобпараст, 30 кило пиёз, 1 кило зира, 1 кило мурч,5 кило мавиз, 1 кило зелол, дар умум як тонна маҳсулот оши палав пухтанд.

Оши палавро ЮНЕСКО ба феҳристи мероси фарҳангӣ ворид кардааст.