ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд як марди 48-сола бо далели нӯшидани шароби зиёд вафот кардааст.
Тавре Раёсати Вазорати умури дохила дар вилояти Суғд хабар медиҳад, марҳум Муҳиддин Дӯстматови 48-сола, сокини деҳаи Даштқараянтоқ, 9 ноябр, тахминан соатҳои 11:40 бо далели нӯшидани арақи зиёд заҳролуд шуда, ҳалок шудааст.
Манбаъ менависад, ҷасади марҳум барои гузаронидани ташхис ба мурдахонаи шаҳр равон карда шудааст.
Тафтишот идома дорад.