Бонки миллӣ коргар меҷӯяд

Бонки миллии Тоҷикистон барои ишғоли се мансаби холӣ озмун эълон кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Тибқи иттилоияи БМ, довталабони мақоми сармутахассиси шуъбаи омор, мутахассиси пешбари шуъбаи тавозуни пардохт ва сармутахассиси шуъбаи тавозуни пардохт метавонанд то 23 ноябр ҳуҷҷатҳоро пешниҳод кунанд.

Интернет чисту демократия чӣ маъно дорад?: 322 суол барои қабул ба тими Рустами Эмомалӣ

Манбаъ мегӯяд, довталабони ин мақом бояд маълумоти олии техникӣ, соҳаҳои марбут ба технологияҳои иттилоотӣ, иқтисодӣ ё риёзӣ дошта бошанд.

БМ зарур хондааст, ки довталабон ҳатман дорои собиқаи кории на кам аз 2-сола бошанд.

“Донистани забони давлатӣ, русӣ ҳатмӣ буда, донистани забони англисӣ афзалият дорад”, - омадааст дар эълони БМ.

Бар асоси ин манбаъ довталабон метавонанд, ҳуҷҷатҳоро ба нишонии шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 107А то 23 ноябри соли равон пешниҳод намоянд. Барои маълумоти бештар БМ тавсия додааст, ки довталабон тариқи телефони 600-32-32 ва 600-31-38 муроҷиат намоянд.