Суратгирони Тоҷикистон раиси нав интихоб карданд

Аминҷон Азимов, ҷойгузини Геннадий Ратушенко дар мақоми раиси Иттифоқи суратгирони Тоҷикистон шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik.  Тибқи иттилоияи расмӣ, Азимов дар Анҷумани суратгирони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз ҷониби аъзои иттифоқ раиси нав интихоб гардид.

Ҷаласаи сарони давлатҳои ИДМ аз суратгирӣ оғоз шуд

Геннадий Ратушенко, ки то ҳол раиси Иттифоқи суратгирон буд, зимни анҷуман аз фаъолият дар аҳди раёсаташ гузориш дода, аз намоишҳо дар дохилу хориҷи кишвар суҳбат намудааст. Ратушенко аз суратгирони собиқадори Тоҷикистон мебошад, ки дар расонаҳои дохилию хориҷӣ фаъолият дошта, солҳои зиёд ҳамчун аккос, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистонро ҳамроҳӣ мекардаст.

Бар асоси гузориши хабаргузории “Ховар” аз Анҷумани ахири суратгирони Тоҷикистон,  Муҳиддин Пайшанбезода, мушовири бахши ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа аз аккосон даъват намудааст, ки минбаъд корро бо дастгирии Ҳукумати мамлакат боз ҳам ҷоннок намоянд.

Муҳиддин Пайшанбезода бо зикри ҷашни 30-солагии Истиқлолият таъкид намудааст, ки суратгирони ҷумҳурӣ бо силсиланамоишҳои худ дар ҳама соҳаҳо- иқтисодиёт, иҷтимоиёт, туризм ва ғайра  бо аксҳои зебову ҷолиб бояд Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намоянд.