Рӯйхати 23 шаҳру навоҳии серсадамаю пурқурбонӣ дар Тоҷикистон

Садамаҳои маргбор бештар дар роҳҳои 23 шаҳру навоҳии Тоҷикистон рух медиҳанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Тибқи омори расмӣ, дар солҳои 2017-2018 дар роҳҳои кишвар қариб 2300 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 721 нафар ба ҳалокат расида, 2370 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардошта, маъюб шудаанд.

Дар як садама 4 нафар ба ҳалокат расид ва 4 нафари дигар маҷруҳ шуд

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ахиран дар мулоқот бо кормандони милиса бо ироаи ин омор гуфт, “яъне 721 оила мотамзадаву бадбахт шуда, ҳазорон кӯдакон ятим гардидаанд, ки ҳалли масъалаҳои иҷтимоии онҳо ба дӯши давлат меафтад”.

Ба гуфтаи раисиҷумҳур садамаҳои маргбор бештар дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Рӯдакӣ, Варзоб, Ваҳдат Файзобод, Ҳисор, Турсунзода, Шаҳристон, Хуҷанд, Деваштиҷ, Мастчоҳ, Спитамен, Истаравшан, Бобоҷон Ғафуров, Кӯлоб, Данғара, Норак, Фархор, Восеъ, Шамсиддини Шоҳин, Хуросон, Ҷайҳун ва Ёвон рух медиҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки барои таъмин намудани бехатарии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ ва бартараф намудани камбудиву норасоиҳои мавҷуда аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар вазорату идораҳои дахлдор тадбирҳои мушаххас андешида шаванд.