ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Дар сафорати Тоҷикистон дар Русия бахшида ба 24-умин солгарди қабули Конститутсияи Тоҷикистон, вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов ва Муовини Вазири мудофиаи кишвар Маҳмадзода Суҳроб Талбак бо афсарону курсантҳои Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, ки дар Академия ва донишкадаҳои ҳарбии Вазорати мудофиаи Русия таҳсил мекунанд, баргузор гардид.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати коҳои хориҷаи Тоҷикистон хабар додааст.
Зимни суханрони сафири Тоҷикистон дар Русия таъкид намудааст, ки и амали Конститутсияи Тоҷикистон дар ин давра собит сохт, ки қонуни асосии зиндагии давлат ва ҷомеаи мо аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт гузашт ва дурустии мақсаду вазифа ва арзишҳое, ки Конститутсия ба онҳо асос ёфтааст, исбот шудааст.
Вай гуфт, натиҷаи ҳамин дастовардҳои конститутсионист, ки имрӯз дар мамлакат сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ пойдор мебошад.
Сипас зимни мулоқот афсарону курсантҳо вобаста ба вазъи таҳсил ва роҳҳои ҳалли масъалаҳои ҷойдошта дар ин самт суҳбати ошкоро намуданд.
Сафир ба ҳозирин тавсия додааст, ки имконияти мавҷударо истифода бурда, дониши ҳарбии худро дар сатҳи зарурӣ тақвият диҳанд.
Инчунин зикр карда шуд, ки дар доираи ҳамкориҳориҳои судманд миёни ду кишвар айни замон тақрибан 26 ҳазор донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки миёни онҳо афсарону курсантҳои Вазорати мудофиаи Тоҷикистон низ шомил мебошанд.