Сипоси вазорати адлияи Амрико аз ҳамкории зич дар раванди тафтишоти ҳодисаҳои террористӣ

Додситони кулли Тоҷикистон зимни сафараш ба Амрико бо муовини адлияи ин кишвар мулоқот намуда, масъалаи мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣро баррасӣ кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Рӯзи 7 ноябри соли равон дар шаҳри Вашингтони Амрико мулоқоти Раҳмон Юсуф Аҳмадзод, додситони кулли Тоҷикистон бо Муовини Вазири адлияи Амрико Брюс Швартс сурат гирифт, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Додситонии кулл.

Бино бар иттилои манбаъ, дар рафти мулоқот ҷонибҳо сатҳи ҳамкориҳои ҳуқуқии дуҷонибаро миёни Прокуратураи генералии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Амрико баррасӣ карданд.

Инчунин тарафҳо масъалаи такмили ҳамкориҳо дар самтҳои ҷинояту ҷинояткорӣ, мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар масоили барои ҳарду кишвар манфиатбахш табодули афкор карданд.

Сипоси мудири ФБР аз додситони кулли тоҷик барои баррасии қазияи Данғара

Дар ҳамин ҳол Брюс Швартс ба додситони кулли Тоҷикистон барои ҳамкории зич дар раванди тафтишоти ҳодисаҳои террористӣ изҳори миннатдорӣ намуд.

“Дар баробари ин ҷонибҳо зарурати такмили пояи шартномавӣ-ҳуқуқӣ миёни ду мақомотро таъкид намуданд”, таъкид намудааст манбаъ.

Инчунин худи ҳамон рӯз  дар чаҳорчӯбаи чорабиниҳои Гуруҳи Бонки ҷаҳонӣ зери унвони “Ҳафтаи қонун, адолат ва рушд” Прокурори Генералии Тоҷикистон аз Суди Олии Амрико боздид намуд.

Зимни сафари мазкур иштирокчиён аз таърих, фаъолият ва таҷрибаи пешқадами низоми судии Амрико, аз ҷумла зинаҳои судӣ, татбиқи қонунгузорӣ ва раванди баррасии парвандаҳо ошно шуданд.