ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, ҳарорат шабона +5 ва рӯзона то +14 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва дар баландии 2 ҳазор метр боридани барф дар назар аст. Ҳарорат шабона ба то +7 ва рӯзона аз 11 то +16 дараҷа гарм мешавад.
Дар ВМКБ ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, боридани борону барф дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона -3+2, рӯзона +7+12 ва дар шарқи ин вилоят шабона -9-14 ва рӯзона -0-5 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон ва барф дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона -2+7 ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 2+7 ва рӯзона +12+17 дараҷа гарм хоҳад шуд.