ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Даниэл Рустамов, овозхони ҷавони 23-солаи тоҷик аз шаҳри Душнабе ба даври баъдии озмун “Голо-7” роҳ ёфт.
Дар ин бора гуфта шудааст дар саҳифаи махусуси озмун дар сомонаи шабакаи аввали телевизиони Русия.
Даниэл Рустамов бо таронаи машҳури “Versace On The Floor”-и Бруно Марса, аъзои ҳайъати ҳакамони ин озмунро дар ҳайрат гузош.
Баромади Даниэл Рустамов шоми 9 ноябр дар Шабакаи якуми ТВ Русия нишон дода шуд. Аз чор ҳайъати ҳакамони ин озмун, се нафараш Ани Лорак, Сергей Шнуров ва Баста рӯяшонро ба тарафи ӯ гардонданд. Аз байни ҳакамон Даниэл ба ҳайси мураббӣ Ани Лоракро интихоб кард.
“Мо бо Ани Лорак забон меёбем. Ӯ беҳтарин аст. Сурудҳои ӯ ба ман хеле писанд мебошанд ва ман умедворам, ки ӯ барои ман таронаҳои муносибро интихоб мекунад”, - таъкид кард Даниэл.
Ёдрас мешавем, Даниэл Рустамови 23-сола яке аз ҷавонтари овозхонҳои озмун ба ҳисоб меравад.
Қаблан Даниэл дар Instagram худ навишта буд, ки ӯ орзӯ дорад дар ин саҳна овозхонӣ кунад.
Даниел Рустамов то ин дам дар озмунҳои зиёде аз қабили "Голос", "X-Фактор" ва "Youthvision-2017" ширкат карда Тоҷикистонро муаррифӣ намудааст.