Рустам Эмомалӣ ба БДА Душанбе мошин ҳадя кард

"Масъулони Вазорати корҳои дохилӣ дар навбати худ барои дастгирӣ ва таваҷҷуҳ нисбат ба фаъолияти мақомот ба роҳбарияти пойтахт миннатдории худро иброз намуданд"
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ, имрӯз дар маросими ифтитоҳи бинои нави ВКД дар Душанбе ба шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилӣ дар шаҳри Душанбе нақлиёти замонавии хизматӣ тақдим кард, хабар медиҳад дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, масъулони Вазорати корҳои дохилӣ дар навбати худ барои дастгирӣ ва таваҷҷуҳ нисбат ба фаъолияти мақомот ба роҳбарияти пойтахт миннатдории худро иброз намуданд.

Ёдрас мешавем, пештар хабар дода шуд, ки раисҷумҳури Тоҷикистон дар арафаи Рӯзи милиса дар Тоҷикистон ба чанд кормандони ВУД рутбаи генерал ва полковник дод.