Коршинос: пайравони ДОИШ-ро бояд дар зиндонҳои алоҳида нигаҳ дошт

Раиси Шӯрои коршиносии Бунёди имдоди таҳқиқоти илмии "Коргоҳи ғояҳои авруосиёӣ" Григорий Трофимчук атрофи ошӯб дар зиндони низомаш шадид дар Хуҷанд мулоҳиза кард
Sputnik

Шаби чоршанбе дар яке аз зиндонҳои низомаш сангин дар шаҳри Хуҷанд дар пайи исёни маҳбусон аз 13 то 27 нафар кушта ва даҳҳо тан ҷароҳат бардоштанд.

Бино бар яке аз фарзияҳои ошӯб, яке аз маҳбусон, ки пайрави гурӯҳи террористии ДОИШ (мамнӯъ дар Тоҷикистон) будааст, силоҳи яке аз посбонони зиндонро кашида гирифта, ба ҷониби зиндонбонҳо тир кушодааст.

Коршинос: пайравони ДОИШ-ро бояд дар зиндонҳои алоҳида нигаҳ дошт

Дар натиҷа зиндониён яке аз корпусҳои зиндонро тасарруф карданд, аммо нерӯҳои амниятӣ ба ҷои ҳодиса расида, ошӯбро пахш карданд.

Ба гуфтаи коршиноси рус, ҳодисаи дар зиндони Хуҷанд сарзада, ҳайратовар нест, зеро дар зиндон "мутахассисони ҳақиқӣ" - ҷангиёни ДОИШ нигоҳ дошта мешаванд.

Ӯ таъкид мекунад, ки пештар дар зиндонҳо ин исёнгарон қариб ки набуданд, барои ҳамин зиндонбонҳо ба ин гуна ҳодисаҳо омода нестанд.

"Ҷои тааҷҷуб нест, ки доишие автомат ба даст гирифта, тир мекушояд - ӯ дар ин кор таҷриба дорад. Дар натиҷа зиндониёнро саркӯб карданд, аммо доишиён, ки рӯз аз рӯз шумораашон дар зиндонҳо зиёд мешавад, чӣ дар озодӣ ва чӣ дар зиндон аз пайи амалӣ кардани нақшаҳои нопоки худ мешаванд. Бо он далел, ки Тоҷикистон бе ин ҳам бо минтақаҳои вазъашон печида ҳамсуд аст, бояд доишиёнро дар боздошгоҳҳои алоҳида ва шароитҳои махсус нигаҳ дошт", - гуфт вай ба Sputnik Тоҷикистон.

Тафсилоти бештарро метавонед аз сабти овозии Sputnik Тоҷикистон гӯш кунед.