Бинои нави ВКД: туҳфаи Раисҷумҳур ба милисаҳо дар ид

Дар арафаи таҷлили рӯзи милисаҳо дар Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Рустами Эмомалӣ раиси шаҳри Душанбе дар як маросими тантанави бинои нави маъмурии ВКД Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik.   Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар пойтахти кишвар бинои нави маъмурии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар.

Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара дар арафаи рӯзи Сарқонун як қатор иншоот ифтитоҳ намуд

Бино бар иттилои манбаъ, бинои мазкур иборат аз 9 ошёна ва таҳхона буда, бо муосиртарин шароити корӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот соли 2016 оғоз ёфта, дар зарфи ду сол бунёд гардид.

Бинои нави маъмурӣ дорои 118 утоқи корӣ буда,бо дастгоҳу таҷҳизоти ҳозиразамон таъмин гардидааст.

Раисҷумҳури кишвар бо шароит ва утоқҳои кории бинои маъмурӣ ошно шуда, кормандонро ба хизмати софдилонаву содиқона ба нафъи халқу Ватан даъват кард.

Инчунин, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар дар ҳамин ҷо дар вазъияти тантанавӣ ба як қатор кормандони вазорат рутбаҳои махсуси навбатиро супорид.