Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 9 ноябр дар арафаи таҷлили Рӯзи милиса дар Тоҷикистон бинои нави ВКД Тоҷикистонро ифтитоҳ карда, дар маросими он ба як қатор кормандони вазорат рутбаҳои махсус дод.
Ҳамчунин дар мувофиқа бо Роҳбари давлат Султонзода Садриддинхон Исмоил бо рутбаи навбатии "полковники хизмати дохилӣ", Назарзода Икромҷон Ҳурматулло, Мӯсозода Муҳаммадалӣ Абдусаттор, Амирализода Сулаймон ва Сулаймонзода Ғуломалӣ Нуралӣ бо рутбаи навбатии "полковники милитсия" сарфароз гардонида шуданд.
Инчунин, Рустам Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе, имрӯз дар маросими ифтитоҳи бинои нави ВКД дар Душанбе ба шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилӣ дар шаҳри Душанбе нақлиёти замонавии хизматӣ тақдим кард.