ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Масъулияти ошӯби хунинро дар зиндони низомаш сангини шаҳри Хуҷанд гурӯҳи террористии ДОИШ (мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия) бар дӯш гирифт.
Ин гурӯҳи тундрав дар пойгоҳҳои хабариаш иддао кардааст, ки "ҳамларо яке аз пайравонаш анҷом дод".
Пештар низ расонаҳо хабар доданд, ки ошӯбро дар зиндон маҳбусоне, ки ба ҷурми пайравӣ ба ДОИШ маҳкум шудаанд, барангехтаанд.
Ошӯби хунин дар зиндони шаҳри Хуҷанд, шаби чаҳоршанбе, 7 ноябр сар зад. Бино бар иттилои расонаҳо, дар пайи он дастикам 27 тан, аз ҷумла ду зиндонбон кушта ва даҳҳо нафар захмӣ шудаанд. Ҳоло мақомоти Тоҷикистон расман сар задани ин ҳодисаро шарҳ надодаанд.
Аммо як манбаъ аз Вазорати адлияи Тоҷикистон гуфтааст, ки барои маълум намудани ҳодиса ва сабабҳои сар задани он гурӯҳи махсуси корӣ ташкил карда шуда тафтишот идома дорад.
Як манбаи Sputnik Тоҷикистон мегӯяд, имрӯз, бештари ҷасадҳои маҳбусонро ба соҳибонашон баргардондаанд.