"Coca-Cola" гирифту маблағро надод: баҳси 200 ҳазор сомонӣ ба милиса рафт

Сокини шаҳри Душанбе ба идораи милиса дар пойтахт муроҷиат карда, арз доштааст, ки беш аз як сол наметавонад маблағи “Coca-Cola”-ҳои фурӯхтааш дар Душанберо гирад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, марди 32-сола ба милиса шикоят кардааст, ки ҷавони 27-сола моҳи сентябри соли гузашта аз ширкати “Нӯшокиҳои ғайриспиртӣ”, маъруф ба "Coca-Cola", ба маблағи 200 ҳазору 439 сомонӣ маҳсулот гирифтааст.

Маҳсулотро мазкурро сокини 27-солаи пойтахт  барои тақсим дар мағозаҳои Душанбе гирифтааст, аммо маблағашро то ҳол надодааст.

Мақомот ин ҳолатро қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон арзёбӣ карда, таъкид намудаанд, ки тафтишоти он идома дорад.