ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, нохушии маргбор 6-уми ноябри соли 2018, тахминан соати 16:00-дақиқа рух дод.
“Ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай-Портер”, Солиев Неъмат Сатторқулович, соли таваллудаш 1984, сокини ноҳияи Хуросон дар роҳи мошингарди маҳаллии назди ҳавлии истиқоматиаш, ҳангоми воситаи нақлиётро ба ақиб рондан, писари хурдсолаш, Солизода Ҳикмат Неъмат, соли таваллудаш 2016-ро, ки ба бозӣ машғул буд, пахш намудааст”, - омадааст дар иттилоия.
Манбаъ афзуд, ки дар натиҷа хурдсол Солизода Ҳикмат ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
ВУД таъкид намуд, ки феълан ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад.