Аз тампон то чӯбчаю салфеткаҳои пахтагӣ: воридот мамнуъ, ба маҳсулоти худӣ рӯй меорем

Корхонаи навбунёди “Фарм Текс” дар Данғара имкони таъмини пурраи бозори дохилии Тоҷикистон бо маводи гигиении пахтагиро дорад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, зимни сафари ахираш ба ноҳияи Данғара иттилоъ дод.

Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара дар арафаи рӯзи Сарқонун як қатор иншоот ифтитоҳ намуд

Ба гуфтаи раисиҷумҳур воридоти маводи гигиенаи пахтагӣ ба кишвар аз 1 январ пурра қатъ мегардад, чун корхонаи ватанӣ тавони таъмини кишвар бо ин навъи маҳсулотро дорад.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, корхонаи мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ бунёд гардида, ба истеҳсоли маводи бастубанди тиббӣ, косметологӣ ва истифодаи гигиенаи шахсӣ - дар маҷмуъ 13 намуди маҳсулот машғул мебошад.

“Корхона дар навбати аввал пахтаи гигроскопии сафедкардашударо омода намуда, сипас пахтаи тиббӣ, пахтаи стоматологӣ дар шакли тампон, салфеткаҳои пахтагиву докагӣ, пахта ва навҳои гуногуни бинти тиббии тамизшуда ва лейкопластир истеҳсол менамояд. Ҳамзамон барои истифодаи гигиенаи шахсӣ ва косметологӣ дар корхона истеҳсоли дискҳои пахтагӣ, чубчаҳои пахтагӣ, салфеткаҳои пахтагӣ ва инчунин аз омехтаи пахта ва маводҳои сунъӣ тавлиди дигар навъи маҳсулоти тиббӣ ба роҳ монда шудааст”, - омадааст дар иттилоияи дафтари матбуоти раисиҷумҳур.

Раҳмон дар Данғара бинои нави коллеҷи тиббӣ ва корхонаи “Фарм Текс”-ро ифтитоҳ кард

Манбаъ афзуд, маводҳои бастубанди тиббӣ, косметологӣ ва истифодаи гигиенаи шахсӣ қаблан аз хориҷи кишвар ворид мегардид ва тибқи баҳогузории мутахассисони соҳа ба стандартҳои ҷории тиббӣ ҷавобгӯ набуд.

“Пас аз ифтитоҳи корхонаи нав воридоти ин номгуи маҳсулот ба пурагӣ аз хориҷи кишвар қатъ гардида, эҳтиёҷоти соҳаи тандурустӣ ва аҳолии мамлакат бо истифода аз иқтидори  корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Фарм Текс” қонеъ карда мешавад. Корхона дар асоси ашёи хоми маҳаллӣ - пахта фаъолият намуда, дар марҳилаи аввал дар Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Фарм Текс” 80 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб гардид”, - таъкид намуд дафтари матбуоти раисиҷумҳур.